Имрӯз, 6 март, дар қасри фарҳангии шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи модар баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми бонувони Хатлонзаминро бо ин ҷашни мубораку хуҷаста, ки ба оғози зеботарин фасли сол – баҳори гулбасар ва арафаи бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврӯзи оламафрӯз баробар омадааст, самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу рӯзгори наку орзу карданд.
— Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад, — зик намуданд раиси вилоят. — Аз ин рӯ, барои ҳар яки мо симои аз ҳама маҳбубу меҳрубон ва нотакрору ҷовидона модар аст.
Пас аз сухани табрикии Қурбон Ҳакимзода маросими тақдими Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон ба 13 нафар бонувони фаъоли вилоят, аз ҷумла собиқадори меҳнат, генерал-майор Саодат Амиршоева, подполковники милитсия, корманди Раёсати ВКД дар вилоят Офоқи Қодириён, раиси суди ноҳияи Дӯстӣ Латофат Ҷаъфарзода, муовини раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, мудири шуъбаи Агентии хизмати даватии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Майрамбӣ Муродова, директори мактаби президентӣ дар шаҳри Кӯлоб Дилбар Одилзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анзурат Абдусаломзода, директори ансамбли фолклорӣ-этнографии «Хутал» Мавлуда Раҷабзода ва дигарон доир гардид.
Ҷамъомади идонаро намоиши ҳунарии овозхонони маъруфи вилоят шукӯҳу зебоӣ бахшид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон