Рӯзҳои 8-9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар семинарии омӯзиши оид ба мавзӯи муқовимат ба коррупсия баргузор гардид. Тавре  ташкилкунандагон семинари мазкур иттилоъ доданд, чорабинии мазкур аз тарафи Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (САҲА) баргузор гардид. Дар кори семинар аъзоёни комиссяи ҷамъиятии муқовимат бо коррупсияю намояндагони ВАО ва коршиносони маҳаллӣ ва байналхалқи ширкат варзиданд. Да рафти семинари омӯзишӣ дар мавзӯҳои меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, баҳодиҳӣ ва муайян кардани хавфҳои корррупсионӣ дар миқёси ҷаҳон, пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тавсияҳо барои комиссияҳои ҷамъиятӣ сухан рафта ҳамзамон хулосаҳои коршиносон шунида шуд. Дар назди иштирокчиён муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода. Сардори Раёсати алоқаҳои байналхалқӣ, кор бо ҷомеа ва ВАО-и Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии давлатии мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ва коршиносон баромад намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here