Имрӯз дар сар то сари вилоят даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссаллаҳи мамлакат оғоз гардида, ҷавонони зиёде бо хоҳиши худ ва иродаи қавӣ Ба Артиши Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд. Ҳамин аст, ки дар комиссариати ҳарбии вилоят даъватшавандагон аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҷамъ омада буданд.
Боиси хушнудию сарфарозӣ аст, ки имрӯз ҷавонони қавируҳу қавииродаи вилояти мо хуб дарк кардаанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди баору номус аст. Аз ин лиҳоз сол то сол сафи ихтиёриён барои адои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат зиёд гардида, онҳо бо руҳи қавӣ, матонату далери ва бо нангу номуси ватандорӣ саф оростаанд то марзу буми ин ватани аҷдодиро ҳифз намоянд.
Аз пагоҳии барвақт дар саҳни ҳавлии комисариати ҳарбии вилоят дар шаҳри Бохтар ҷавонони зиёде ҷамъ омада, миёни ҳам суҳбат ороста бо ифтихор аз ватану ватандорӣ дар бораи хизмати аскарӣ ва шароити буду боши наваскарон дар қисмҳои низоми табодули назар мекарданд. Ин ҷавонони худогоҳу ватандуст ҳама бо хоҳиши худ шомили қисмҳои низоми гардида, нияту мақсад доранд, ки бо сари баланд адои хизмати Ватан-модарро ба ҷо биёранд. Даъватшавандагон, ки шумораи онҳо зиёда аз 1000 нафарро ташкил медод, босару либоси махсус саф оростанд. Маълум гардид, ки дар натиҷаи корҳои оммафаҳмони як қатор ноҳияҳо аз ҷумла ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин, Носири Хусрав ва нохияи Фархор алакай дар рӯзи аввали даъват нақшаи ба душдоштаашонро бо сари баланд иҷро карда, фарзандони бонангу номуси худро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат равона менамоянд.
Ноҳияҳои Данғара Вахшу Балҷувон тавонистаанд, ки қисмати зиёди нақшаро, яъне ҷавонмардони шуҷоъу далери ин Ватанро ба хизмати аскари сафарбар намоянд.
Сипас даъватшавандагон ҳама бо либосҳои идонаи махсус аз назди камисариати харбии вилоят ба суи майдони варзишии донишгоҳи давлатии Бохтар равона гардиданд. Онҳо бо ифтихори бузур аз ин Ватани ободу озод, фазои сулҳободи Тоҷикистони азиз сурудхонон роҳпаймои намуданд.
Далерони Ватанро дар кучаҳои шаҳри Бохтар сокинон бо кафкубиҳо ва шодбошиҳо истиқбол карда, ба онҳо роҳи сафеду иқболи баландро таманно мекарданд. Ҳамасола тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо нафар ҷавонони бонангу номуси кишвар ба сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, хизмати Ватан-Модарро адо менамоянд. Ба сафи ин ҷавонон ,ба чеҳраҳои кушодаю ифтихорманди онҳо менигарему бо итминон гуфта метавонем, ки онҳо қарзи фарзандии худро ба ҷо оварда, пас аз муҳлати муайян гардида бо сари баланду руи сурх ба назди падару модари худ бармегарданд.
Агар камее пештар ба таърихи Артишии миллии мо назар андозем пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили сиёси, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеч пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникӣ ҳарбӣ дар мамлакат вуҷуд надошт. Коршиносони дохилию хориҷӣ низ ин нуқтаро эътироф мекунанд, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки аз Ҳукумати Шӯравӣ меросе набурдааст. Вале дар натиҷаи андешидани ҳамаи тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҷузъу томҳои Артиши миллии мо дар як муддати начандон тӯлонӣ барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварамон омодаи хизмат гардиданд. Бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозию фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳи навтаъсиси кишвар, тавонистем, ки аз вартаи фалокатбор раҳои ёфта, ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамҳои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли тоҷик ба ҳайси яке аз рукнҳои асосии давлат дар роҳи ҳифзи дастовардҳои он ба камол расидаасту аз чандин сангарҳо бо сари баланд ва дониши мукамали ҳарбӣ гузаштааст. Ҷавонони бонангу номуси вилоят бо ифтихор қадам мезаданд, шукри ободию озодӣ дар лаб роҳ мепаймуданд сӯи майдон. Чун ба майдон наздик гардиданд иштирокдорони ин чорабинии бошукӯҳ даъватшавандагонро бо кафкубиҳо истиқбол намуданд. Қисмати тантанвии чорабинӣ дар майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар, бо иштироки даъватшавандагон аз шаҳру навоҳии вилоят, падару модарон, донишҷӯёну омӯзгорон, роҳбарияти ташкилоту муасисаҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Нахуст камисари камисариати ҳарбии вилоят Солеҳзода Умед Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро аз 4-уми марти соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқараргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шахрвандони солҳои таввалуди 1995-2004 –и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ »-ро қироат карда, иброз дошт, ки имрӯз ҷавонони далеру шуҷои Ватан бо ихтиёран саф оростаанд, то дар қисмҳои низоми хизмати Ватан-Модарро ба ҷо биёранд.
Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода баромад карда, кули даъватшавандагонро ба ин рӯз табрику таҳният гуфт. Иброз дошт, ки дар ҳама давру замон марзи меҳанро ҷавонони баҳодуру таҳамтан ҳимоя мекарданд, ин рисолати бузургро имрӯз ҷавонони қавииродаи тоҷик дар сарҳади Ватани азизамон ба душ доранд, ки мояи шарафмандию сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст. Дар хақиқат танҳо афроди воқеан ватандуст метавонад дилсузона ва бо тамоми ҳасти ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.
Дар шароити имрӯза зарур аст, ки ҳар ҷавонмарди асили сарзамин пояҳои давлатдории миллиро хамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимоя намудани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша тайёр бошанд, зеро ҳимояи Ватан вазифаи хар як шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар барои ҷавонмардон мактаби далерию шуҷоат ва нангу номусу мардонагист.
Зимни суханрони раиси вилоят ба волидони наваскарон, ба кормандони комисариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, ба масъулин баҳри омода ва сафарбар кардани ҷавонон аҳсану офарин гуфта, иброз доштанд, ки имрӯз сокинони вилоят дар симои шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд ва бовари доранд, ки шумо ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи Ватан-Модар ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода ҳастед.
Ба масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки аллакай нақшаи даъвати баҳориро ба анҷом расонидаанд изҳори сипос карда, таъкид намуданд, ки баҳри иҷрои нақшаи даъват масъулин бояд ҳамкориро бо мардум ва аҳли ҷомеа ҷоннок намуда, бобати ҳалли мушкилот, муроҷиати онҳо ва дигар масъалаҳое, ки ба даъвати ҷавонписарон марбут мебошад, дар чорчубаи қонунҳои амалкунада сари вақт ҳаллу фасл намоянд ва даъвати бахориро дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил кунанд.
Воқеан ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба арзишҳои баланди ватандорӣ, ки натиҷаи хизмати содиқонаву ватандустонаи Пешвои муаззами миллат ва ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ мебошанд. Ҳамасола аз тарафи мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1000 нафар ҷавонон дар курсҳои ронандагӣ, кафшергарӣ , ошпазӣ ва поафзолдузӣ фаро гирифта мешаванд. Имсол бо маблағгузории саривақтии курсҳои ронандагӣ дар сохторҳои ТҶММ дар қисми хароҷоти буҷети маҳали 3 миллиону 390 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидаст таъкид дошт раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода.
Дигар баромадкунандагон дар бораи ғамхориҳои сарвари давлат нисбати афсарону сарбозони қисмҳои низоми изҳори андеша карда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро шарафу номуси ватандори арзёбӣ карданд.
Сипас ба ҳамаи даъватшудагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, ба онҳо роҳи сафед ва хизмати софдилона таманно намуданд. Намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони вилоят ба ҳамоиш шукуҳу шаҳомати тоза бахшид. Суруду таронаҳои ватанпарварӣ, композитсияҳои рақсиву мавзуъи хотири иштирокдорони чорабиниро болида гардонид. Чорабинии Рӯзи даъватшаванда дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бо ифтихори аз ватану ватандорӣ ва дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил гардид.