Нашриёти “Адиб”-и шаҳри Душанбе маҷмӯаи нави шеърии шоири шинохта Усмон Билолиро бо номи “Дар обшори нур” бо теъдоди 250 нусха ба табъ расонидааст.

Дар ин маҷмӯа ҷаҳду талоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ дар кишвар, ҳалли аҳдофи стратегии мамлакат, густариши раванди созандагиву бунёдкорӣ равшану шоирона тасвир шудаанд. Навгониҳои дар ҷомеа ва афкори мардум рухдода дар маркази ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллат ва халқи шарифи Тоҷикистон қарор доранд. Хонанда аз ин китоб сабақи ватандорӣ хоҳад омӯхт.

Дар муқаддимаи китоб муаллиф чунин овардааст:

Ба нури ақл кардӣ раҳнамоӣ,

Ҷудоӣ рафт, омад ошноӣ.

Намудӣ ҳафт пушти миллат эҳё,

Муборак бод, фарри Пешвоӣ!

Аз ҳар як рӯйдоди муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистони офтобрӯя Усмон Билолӣ мояи омӯзандае барои шеър, тарғиби ғояи миллӣ ва шинохти миллӣ пайдо мекунад.

Қобили зикр аст, ки “Дар обшори нур” маҷмӯаи ҳафтуми ашъори Усмон Билолӣ мебошад. То ин вақт маҷмӯаҳои ашъораш бо номҳои “Бистари хор” (2003), “Ширинтарин таронаи оғоз” (2005), “Сад шукри Рӯдакӣ” (2008), “Замини сабзи ҳавасҳо” (2011), “Сукути сабзи нахл” (2015) ва “Баёзи меҳр” (2017) ба табъ расидаанд.

Усмон Билолӣ барои маҷмӯаи «Сад шукри Рӯдакӣ» сазовори Ҷоизаи адабии вилоятӣ ба номи Шамсиддин Шоҳин (2009) гардидааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here