Бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамкори бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мирсаид, Али Ҳамадонӣ дар ноҳия аксияи иттилоотӣ доир карда шуд. Дар ин аксия роҳбари Клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Тоҷиддин Қурбонов дар якҷоягӣ бо волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи зикршуда дар ҷойҳои серодам аз ҷумла, бозори марказӣ, майдони И.Сомонӣ, боғи фархангӣ-фароғатии ноҳияи беш аз 300 адад маводи иттилооти вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тақсим карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here