Пайки наврӯзӣ субҳгоҳон сокинону меҳмонони шаҳри Бохтарро бо қудуми хуҷастаи рӯзи наву аёми нав ва шукуфтанҳову рустаниҳои табиати афсунгари диёр муборакбод мегуфт.
Чун рисолати Наврӯз ободониву тозакориҳост ба истқболи қудуми муборакаш дар деҳаи «Инқилоб»-и ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Солҳои тулонӣ нарасидани ҷои нишаст ва синфхонаҳои муҷҷаҳази таълимӣ нокифоягӣ дар раванди таълиму тарбияи фарзандони деҳаи Инқилоби ҷамоати деҳоти ноҳияи Вахш буд. Бо ибратомузӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва бо заҳмату ватанхоҳонаи аҳли ин деҳа як муассисаи таълимии барҳаво бо беҳтарин фазои илмомузӣ ҳамчун армуғони Наврузӣ қомат афрохт, ки аз тарафи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва дигар меҳмонон мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зикр гардид муассисаи таълимӣ дар муҳлати на камтар аз се сол бунёд шуда бо дастгирии мақомоти иҷроия ва саҳми сокинони маҳал бо лавозимоти зарурии хониш ва таҷҳизоти тадрис таъмин карда шуд. Акнун масъулияти омузгорон дар беҳтар кардани сифати таҳсилот ва одобу рафтори намунавӣ, тозаву озода нигоҳ доштани дабистон зарур меояд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон ва сокинони деҳа, ки дар кушодашавии дабистон ҷамъ омада буданд суҳбат ороста, пеш аз ҳама онҳоро ба ҷашни Наврӯзи фархунда табрик гуфта, иброз доштанд, ки ҳар ободгарию бунёдкорие дар шаҳру ноҳияҳо ба вуҷуд меояд ин аз дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Президенти мамлакат ва тинҷию аммонии кишварамон ба шумор меравад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо пеш аз ҳама хонем ва донишу малакаи худро сайқал намуда ба Ватану миллат содиқона хизмат намоем.
Тавре маълум гардид дар ноҳияи Вахш ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 200 иншоот дар назараст, ки бештар аз 10 фоизи онро муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла синфхонаҳои иловагӣ ташкил медиҳад.