Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати барқарор намудани боғҳои бисёрсола тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар стантсияи таҷрибавии зироатҳои гармидӯсти ноҳия вобаста ба барқарор намудани майдони боғҳо дар майдони 6 га боғҳои нав бунёд карда шуд.

Дар боғҳо дарахтони бодому шафтолу, зардолу, анҷир, анор, хурмо ва зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони ороишии сузанбарг сабзонида хоҳанд шуд. Майдони умумии боғи стантсияи таҷрибавӣ 18 га-ро ташкил дода, дар ин мавзеъ ҳамзамон гармхонаҳои лимупарварӣ ва сабзавотпарварӣ низ бунёд шуданд.

Кормандони боғ дар мавзеъ дарахтонеро парвариш менамоянд, ки дар минтакаҳои нисбатан иқлимашон гарм сабзиши хуб доранд. Дар назар дошта шудааст, ки имсол дар ноҳия тибқи барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар майдони 14 га боғу токзорҳо барқарор карда шаванд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here