Имсол маорифчиёни ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар таътили тобистона дастаҷамъона бо дастгирии Асотсиатсияҳои волидайн ва омӯзгорон ба таъмири бинои муассисаҳо шурӯъ карда, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмириро анҷом доданд.

Файзалӣ Сафаров, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №2 иброз дошт, ки корҳои таъмиркунӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Махфират Ҷурабекова, директори МТМУ №14 гуфт, ки 14 синфхона ва роҳраву толорҳо ба соли нави таҳсил омода карда мешаванд. Ин муассиса навбунёд буда, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст ва омӯзгорон дар баробари таъмир асбобҳои аёниро тайёр намудаанд.

Қадамшо Расулов сардори раёсати молия иброз намуд, ки барои маблағгузории саривақтӣ баҳри корҳои таъмирӣ ва гузаронидани музояда барои гирифтани 20 ҳазор сомонӣ директорони муассисаҳо ва ширкатҳои сохтмонии ноҳияро даъват намуданд. Инчунин, масъалаи пардохти рухсатии омӯзгоронро низ матраҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ то 15-уми август корҳои таъмириро ба анҷом расонида, муассисаҳоро ба соли нави таҳсил омода сохтаанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here