Ғаллакорони ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ба ҷамъоварии ғалла, ба хусус гандум оғоз намуданд. Деҳқонони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар майдони 5237 гектар гандум кишт намудаанд, алҳол 268 гектари онро даравида, майдонҳои аз ғалла озодшударо ба кишти такрорӣ омода менамоянд.
Дар ноҳияи Фархор, ки майдони умумии ғаллазор 10050 гектар заминро ташкил мекунад, то имрӯз 400 гектари он даравида шудааст ва ҳосили миёнаи ҳар гектар ба 41,1 сентнер баробар меояд.Ёдовар мешавем, ки ин нишондод дар ноҳияи Ҳамадонӣ 41,8 сентнер аст.