Дар мувофиқа бо  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад.

Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз 4 феврали соли 2020 нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА, бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 2 июни соли равон, 100 доллари ИМА 1027 сомониро ташкил медиҳад. Муҳлати фаъолияти лоиҳа тибқи созиши ҷонибҳо як солро дар бар мегирад.

Тавре ки аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар доданд, мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 500 нафар ятиме, ки дар хона зери парастории хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.

Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон ҳар моҳ интиқол дода мешавад.

Қобили зикр аст, маблағи зикргардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи озуқа ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯдакони бепарастор пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли равон ба ниёзмандони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Восеъ маводи ғизоӣ дастрас гардид. Як баста маводи хӯрока барои як оила аз 50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 0,5 кг чойи хушк, 3 кг донагиҳо аз ҷумла, лӯбиё, нахӯд, мош, марҷумак ва 1 кг намак иборат мебошад.