Вобаста ба маълумоти Раёсати фонди ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб, то 1-уми январи соли 2018 дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 5 нафар, ноҳияи Восеъ 7 нафар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 3 нафар, Фархор 4 нафар, Мӯъминобод 3 нафар, Ховалинг 4 нафар, Шамсиддин Шоҳин 1 нафар, Темурмалик 3 нафар ва Балҷувон 2 нафар шаҳрвандони нафақахӯр, ки аз 100 то 124 сол умр доранд, зиндагӣ мекунанд.Ҷамъи умумии онҳо 32 нафарро ташкил мекунад ва аз ин ҳисоб танҳо 2 нафарашон мансуби мардонанд.
Бузургсолтарин зани минтақа Ғумчагул Рустамова, аз ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, ки 124 сол умр дорад, ба қавлу истилои баъзе рӯзноманигорон, намояндаи «води марг» аст.Ёдрас мешавем, ки минтақаи маскуни ин зани дарозумр, аз солҳои шасти қарни гузашта аз минтақаҳои аз нигоҳи экологӣ осебпазир дониста мешуд.Хушбахтона бо шарофати Истиқлол ва талошҳои Ҳукумати кишвар, ин минтақаи осебпазир якбора рӯ ба беҳбудӣ овард ва тавре мебинем сокинонаш солиму бардам ва хушбахту дарозумр шудаанд.