2 адад яроқи оташфишони АКМС, 10 адад тирдон, 270 дона тири қутраш 7,62 мм, инчунин 3 кг 500 гр маводи нашъадори афюн, 32 кг ҳашиш ва 10 кг героин аз қочоқбарони афғон дарёфт ва мусодира гардид.

  Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ “Ховар” хабар дода, зикр намуд, ки интиқоли аслиҳа ва маводи мухадирро хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи назоратии дидбонгоҳи сарҳадии “Сайёд”-и Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» зимни амалиёти муштарак пешгирӣ намуданд.

  “19 апрел соати 12:30 дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ байни қочоқбарони афғон иборат аз 6-7 нафар бо сарҳадбонони тоҷик ва кормандони КДАМ ҶТ задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа 1 нафар қочоқчӣ захмдор ва се нафари дигар безарар гардонида шуданд. Боқимонда қочоқбарони афғон тариқи қамишзор ба самти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд”,-илова намуд М. Улуғхоҷаев.

Аз ҷониби мақомоти дахлдор оид ба ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here