Имрӯз, 18 сентябр, дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бовариноки онҳо бо сокинони маҳаллӣ доир гардид.
Нахуст, Хушвахтов Исмон — раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №45 ба иштирокчиён номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳоро шинос намуд.
Сипас, Рустам Латифзода — раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода — раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, инчунин, дар идомаи мулоқот шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шоҳиён Нуралӣ Набот — ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Мироҷ Абдуллоев — раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳақназарзода Фирӯз — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар доираи барномаҳояшон андешаронӣ карданд.
Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳимми сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 иштирок намуда, ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.