Дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар татбиқи ормонҳои миллӣ» конференсияи вилоятӣ баргузор гардид.

 Дар кори конференсия муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода оид ба дастовардҳо дар даврони Истиқлолият ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқароркунии сулҳу ваҳдат ва ободиву рушди Тоҷикистон сухан гуфт.

  Дар ҷамъомад ҳамзамон ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад, номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултаи муҳандисӣ ва идораи биржавии байналмилалии истеҳсолии Донишгоҳи давлатии Данғара Раҳмоналӣ Олимов ва дигар олимон оид ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва рушди неруи инсонӣ, ба кор шурӯъ намудани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва аҳамияти ин иншооти бузург барои Тоҷикистон ва минтақа сухан ронданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here