Корхонаҳои истеҳсолии «Ресандаи Қӯрғонтеппа» ва «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара барои истеҳсоли ду миллион адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ фармоиш гирифтаанд.

Корхонаи ҶДММ «ФАрм Текс» истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро афзоиш дода, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст. Айни замон корхона дорухонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тиббии мамлакатро бо ин маҳсулот таъмин менамояд.

Муассиси ҶСШК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» Нусрат Файзуллоев ба муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 100 ҳазор адад ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим намуд.

Айни замон корхонаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар як шабонарӯз 7 ҳазор ниқоб истеҳсол менамояд.

Ниқобҳои истеҳсоли корхонаи мазкур 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ин корхона ниқобҳо аз рӯйи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.

Дар ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 99 фоизашон занону духтаронанд.