Бояд қайд намуд, ки дар қаламрави вилояти Хатлон 4 адад истироҳатгоҳҳои  беруназшаҳрӣ  мавҷуд  мебошад.

 Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» — и дар мавзеи ноҳияи Муъминобод буда шаҳри Кӯлоб омодагиҳо рафта истодааст. Истироҳатгоҳи мазкур аз 20.06.2018 аз ҳисоби маблағҳои иттифоқи касаба ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби 130 нафари дар ду баст ба фаъолият сар мекунад.

 Истироҳатгоҳи «Офтобак» дар дараи  Пехои шаҳри Норак ба  шуъбаи маорифи шаҳр таълуқ дорад, айни замон омодагиҳо рафта истодааст, истироҳатгоҳ бо синфхонаи компютери орододашуда таъмин буда, бо ҷалби 180 нафар дар як баст аз 25.06.208 ба фаъолият сар мекунад.

 Истироҳатгоҳи назди осоишгоҳи «Насими Фархор» — и ноҳияи Фархор бо пурраги ҳуҷҷатҳои лозимаро барои фаъолият карданро дорад, аз ҳисоби маблағҳои иттифоқи касаба ва ҳукумати ноҳия аз 1.07.2018 дар ду баст бо ҷалби 35 нафар дар як баст ба фаъолият сар мекунад.

 Истироҳатгоҳи «Истиқлол» — и дар ноҳияи Муъминобод будаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавсими имсола аз ҳисоби маблағҳои иттифоқи касабаи Донишгоҳ дар ду баст бо ҷалби 50 нафари аз 1.07.2018 ба фаъолият ҳусни оғоз мебашад.

 Аз мактуби сарраёсати молияи вилояти Хатлон  аз 29 майи соли 2018, № 11/258  бармеояд, ки пардохти маблағҳои аъзоҳақӣ ва суғуртаи давлатии  иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, яъне 1% —  миллину 151 ҳазору 267 сомонӣ ва 1,4%  — 172054 сомониро ташкил медиҳанд. Дар сурати ҷудо гардидани маблағҳои пешбинишуда истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.

 Бояд қайд намуд, ки бахшида ба рӯзи байналмиллалии кӯдакон  — 1 июн муассисаҳои томактабии вилоят ба вақти тобистона гузаронида мешаванд.

 Баъди анҷоми соли хониш аз ҳисоби маводҳои хӯрокаи захиравӣ дар муассисаҳои интернатии вилоят истироҳатгоҳҳои солимгардонии назди муассисаҳо ба фаъолият  сар мекунанд.

 Бо мақсади пешгирии хонандагон ҷинояту ҷинояткорӣ, худкушию худсузӣ, нашъамандӣ, даст назадан ба ҳодисаҳои номатлуб ба оворагардӣ машғул нашудани ноболиғон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 10 июни соли 2018 бо ҷалби кӯдакони синфҳои 1-4 истироҳатгоҳҳои фароғатӣ – таълимӣ шурӯъ намуданд.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here