Ба иттилои Зокирзода Қирғизбек – муовини сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, бинобар ба фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирусӣ COVID-19» аз 15 декабри соли 2020, №791 оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мувофиқи тағйироти мазкур ба рӯйхатгирии муҳоҷирон то 15 июни соли 2021 идома дошта, аз тамоми муҳоҷирони меҳнатӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва қонунӣ фаъолият намоянд. Агар муҳоҷирон будубоши худро дар Федератсияи Россия то 15 июни соли равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба рӯйхати шахсоне, ки вурудашон ба Федератсияи Россия манъ аст, шомил мешаванд.
Вобаста ба ин, бо иштироки гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назараст, ки аз имрӯз саркарда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо шаҳрвандоне, ки наздикону пайвандонашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар қаламрави Россия қарор доранд, гузаронидани сӯҳбату вохуриҳо оғоз мегардад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон