Имрӯз, 26 май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Бино ба иттилои сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков, ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Маркази таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Манбаъ афзуд, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад. Хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд.
— Мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштанд, — афзуд Н. Бояков. — Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар ин ташхисгоҳ ба мутахассисони мо тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.
Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон