Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мусоидати Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” имрӯз, 24 феврал, дар шаҳри Бохтар машғулияти омӯзишии серӯза дар мавзӯи “Нашрияҳои маҳаллӣ: имконият ва воқеият” оғоз гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории ин давраи омӯзишӣ сайқал додани маҳорати нигорандагӣ, пешбурди фаъолияти идораи нашрияҳои маҳаллӣ бо дарназардошти тамоюлҳои нави журналистикаи муосир, мусоидат барои такмили ихтисоси сармуҳаррирон ва мухбирони суратгири нашрияҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ мебошад.
Дар ин ҳамоиши омӯзишӣ 30 нафар сармуҳаррирони нашрияҳои даврии маҳаллии вилояти Хатлон иштирок доранд.
Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2020 барои пешрафти кору фаъолияти нашрияву маљаллаҳои вилоятӣ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва кафедраҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои Бохтару Кӯлоб ҷамъан 36 адад компютер ва 36 адад принтер ба маблағи 156 ҳазору 600 сомонӣ харидорӣ ва ба ҳар редаксия дастрас намуд. Ҳамзамон дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 171 ҳазору 700 сомонӣ 34 адад дастгоҳи аккосӣ барои бо сифати баланд гирифтани аксҳо харидорӣ ва ба масъулини нашрияҳои маҳаллӣ тақдим карда шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки давоми соли 2021 якчанд семинари омӯзиширо барои сармуҳаррирон, мухбирони суратгири нашрияҳои вилоятию ноҳиявӣ, инчунин масъулони сомонаҳои интернетии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо доир намуда, ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо мусоидат намояд.
Мухтор Боқизода, омӯзгори машғулияти омӯзишӣ аз Академияи ВАО, зикр намуд, ки иштирокчиён давоми се рӯзи оянда доир ба нақши сармуҳаррир, ҷонишин ва котиби масъул дар идораи рӯзнома, дарёфт, дастрасӣ ва интихоби сарчашма, тартиби назорати ахбор, назокатҳои таҳрир, ташхиси саҳеҳияти ахбори дастрасшуда, суратнигорӣ, тартиб додани композитсияи суратҳо ва дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти рӯзноманигорӣ табодули афкору таҷриба хоҳанд кард.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон