Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирузи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таълими калонсолон” Тағоев Бурихон иштирок ва ибрози назар намуданд.
Террориз ва экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки хатари онҳо рӯз аз рӯз рӯшантар мегарданд. Дар ин росто Тоҷикистон пешоҳанги мубориза алайҳи ифротгароӣ мансуб меёбад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоваранд, ки мубориза ба зидди онҳо пурзӯр карда шаванд – чунин қайд дошт дар баромади Фирузи Саидмӯъмин.
Дар навбати худ Тағоев Бурихон гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ин ташкилоти ибтидоӣ ҷиҳати мубориза ба зидди хатару таъдидҳои замони муосир талош карда, фаъолияти созандаро минбаъд дар ин самт густариш бахшида, ба роҳ мемонем.