Имрӯз, 17 октябр, даври сеюми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ғолибони мусобиқаро шодбош гуфтанд.

Тибқи арзёбии Ситоди вилоятии «Ҳосил-2019», ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 15 рӯзи охир ҷамъбаст намуд, барои ба андозаи 2870,2 тонна супоридани пахта ва 34,57 фоиз таъмин намудани дурнамои 15-рӯзаи пахтасупорӣ ноҳияи Данғара сазовори ҷойи якум дониста шуд.

Ба раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Ҳамин тавр, ноҳияи Хуросон сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, ба раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода 10 ҳазор сомонӣ мукофот ва Сипосномаи раиси вилоят тақдим гардид.

Сарвазири мамлакат ва Раиси вилоят инчунин ба раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода, ки дар мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза сазовори ҷойи сеюм гардид, 5 ҳазор сомонӣ ва Сипоснома доданд.

Ғайр аз ин, дар ин давра як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз уҳдаи иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта баромаданд. Барои сари вақт таъмин намудани дурнамои истеҳсоли пахта раиси Ҷамоати деҳоти «Ҷиликӯл»-и ноҳияи Дӯстӣ Аҳлиддин Сангалиев, раиси Ҷамоати шаҳраки «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Дӯстӣ Бахтиёр Ҳақназаров, раиси Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳияи Кӯшониён Абдуҷаббор Қурбонов, раиси Ҷамоати деҳоти «Панҷоб»-и ноҳияи Ҳамадонӣ Тоҳирҷон Рафиев, раиси Ҷамоати деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара Эмом Абдуллоев, раиси Ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳритуз Лутфия Холова, раиси Ҷамоати деҳоти «Пахтаобод»-и ноҳияи Шаҳритуз Одил Юсупов, раиси Ҷамоати деҳоти «Холматов»-и ноҳияи Шаҳритуз Улуғбек Ризқдавлатзода, раиси Ҷамоати деҳоти «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун Толибшо Назризода бо Сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Сарвазири мамлакат ва раиси вилоят ҳамаи онҳоеро, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, табрику таҳният гуфта, барои ҷамъоварии пурраи ҳосили пахта барору комёбӣ таманно намуданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here