Мусаллам аст, ки дар марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ давоми се соли оянда ба хотири истиқболи арзанда аз Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар ҳазорҳо ҷойи нави корӣ фароҳам мегардад. Дар ин радиф, мардуми заҳматкашу бунёдкори ноҳияи Данғара сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро сармашқи кор дониста, дар ҷодаи ободониву бунёдкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд. Он аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои бо таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Бино дорои 42 синфхонаи таълимӣ буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳамзамон, дар ноҳияи Данғара, Сарвари давлат навбати дуюми Маҷмааи истеҳсолии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай – Данғара Син Силу Текстил» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин корхона зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Бояд зикр кард, ки иқтидори истеҳсолии корхона коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта мебошад.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали Корхонаи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфта, ба истеҳсоли маводи бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул мебошад ва дар маҷмӯъ, 13 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд.
Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Данғара Сарвари давлат корхонаи бузурги саноатии муштараки Тоҷикистону Чин — «Муосир» — ро, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо буридани лентаи рамзӣ дар деҳаи Паркамчӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 ва маркази саломатиро ифтитоҳ бахшид. Бинои нави маркази саломатӣ аз ҷониби ҷавонмардони хайрхоҳи деҳа бунёд гардида, аз ҳуҷраҳои таваллуд, хатна, доругузаронӣ, қабули беморон ва ёрирасон иборат мебошад. Бинои нави таълимӣ 3 — ошёна буда, барои 480 хонанда пешбинӣ шудааст ва аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхонаю дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Муассисаи таълимӣ барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае буд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дастаҷамъона барои ободонии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд. Дар ин муддат мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳанда, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ аз ҷониби соҳибкорон ва ашхоси саховатпешаи маҳаллӣ ба анҷом расонда шуда, корҳои дигари созандагӣ идома доранд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия аз тарафи соҳибкорону ҷавонмардони ватандӯст 218 иншооти ҳаётан муҳими таъйиноти гуногун бунёд, таъмир ва азнавсозӣ хоҳанд гашт. То имрӯз аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 35 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 5 муассисаи таълимӣ, 1 боғчаи бачагона, 3 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 ҳаммом, 1 маркази савдо, 2 корхонаи асфалтбарорӣ, 1 майдончаи варзиш, 6 чоҳи амудӣ бунёд ёфта, аз роҳҳои маҳаллӣ беш аз 35 километр асфалтпӯш ва 26 километр сангфарш гардида, дигар иншооти барои хоҷагии халқи ноҳия зарур мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, бо саҳмгузории соҳибкорон дар деҳаҳои ноҳия симчӯбу ноқилҳои барқии куҳна иваз карда, кӯчаю хиёбонҳо тибқи талаботи меъмории шаҳрсозӣ обод шуда истодаанд, ки аз вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба хотири зиндагии шоистаи мардуми ноҳия шаҳодат медиҳанд. Аз тарафи нафарони ҳимматбаланду ватандӯст Нуралӣ Арабзода, Шараф Аваззода ва Ҳарифбег Билолов дар маркази шаҳрак, кӯчаи Мирзо Турсунзода то маҳаллаи 8 – ум ба дарозии 2,2 километр мумфарш гардида, корхонаи асфалтбарорӣ ва майдончаи универсалии варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар деҳаи Хоҷа Шақиқи Балхии Ҷамоати деҳоти Себистон аз тарафи соҳибкорони саховатманд Ҷамшед Табарзода ва Усмон Алимадов маркази хизматрасонии маишии дорои ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона, ошхона сохта, роҳи се кӯчаи деҳа ба дарозии 1 километру 300 метр асфалтпӯш карда шуд. Ҳамзамон, дар деҳаи Шамолдараи ҳамин ҷамоат аз тарафи шуъбаи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маркази саломатии дорои таваллудхона, ҳуҷраҳои хатна ва қабули беморон сохта ба истифода дода шуд. Азнавсозӣ ва асфалтпӯш намудани 4,3 километр роҳи байни деҳаҳои Пушинг – Данғара ва баровардани оби полизиву нӯшокӣ тариқи кандани 2 чоҳи амудӣ бо чуқурии 60 километр аз ҷониби соҳибкор Азизулло Зувайдуллоев пурра ба анҷом расид. Иваз намудани 148 симчӯб, 14 километр ноқилҳои барқӣ, таъмиру асфалтпӯш намудани роҳҳои деҳаҳои Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамчӣ ба дарозии 4,5 километр ва иваз кардани 45 симчӯб аз тарафи ашхоси саховатпеша Искандар Раҷабзода, Абдулфаттоҳи Ғоиб, Қодир Муҳаммадиев ва Ғолиб Убайдуллозода нишонаи ватандӯстист. Ҳамчунин, аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Гули Зиндон мактаби якошёнаи дорои 6 синфхона барои 144 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Дар ноҳия нафарони бонангу номусе, ки фикру зикри хешро барои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ равона месозанд, зиёданд. Онҳо хуб медонанд, ки аз инсон танҳо амали нек боқӣ мемонад. Ҳамдиёрону ҳаммиллатон аз чунин ашхоси саховатпешаи ҳимматбаланд ҳамеша ифтихор мекунанд. Имрӯзҳо аҳли деҳаҳои Олучадара, Гули Зиндон, Рахшонзамин, Тоҷмаҳал, Хуррамзамин, Себистон, Навобод, Нурофар ва Талхоби ноҳия аз чунин ҷавонони олиҳиммат, назири Азизулло Зувайдуллоев, Сайфиддин Аслиддинзода, Зафар Самад, Усмон Алимадов, Нуралӣ Арабзода, Ҷамшед Табарзода ва Суҳроб Рамазонзода, ки пайваста дар талоши ободонии диёранду дастуру супоришҳои Сарвари давлатро бо камоли эҳтиром иҷро мекунанд, ифтихор доранд. Маҳз олиҳиммативу саховатмандии онҳо буд, ки имрӯз дар деҳаи Олучадара бунёди мактаби замонавӣ, дар деҳаҳои Гулафшон, Гули Зиндон ва Талхоб таъмиру азнавсозӣ ва сангфарш намудани роҳҳо ба дарозии 13 километр, бунёди 2 бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаҳои Хуррамзамин ва Рахшонзамин таъмиру азнавсозӣ ва асфалтпӯш намудани роҳҳо ба дарозии 1,5 километр, дар деҳаҳои Тоҷмаҳал ва Туябинон баровардани оби нӯшоӣ тариқи кандани 4 чоҳи амудӣ ба анҷом расиданд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки соҳибкорони ватанӣ дар оянда ба хотири амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбуб беш аз пеш саҳми босазои худро мегузоранд.
Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»