Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар назди Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 сӯҳбату вохӯрӣ бахшида ба 9 май – Иди Ғалаба, Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва Солҳои 2019-2021 – рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

    Дар вохӯри Тоирзода Суҳроб Тоир – роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар ноҳия ва аъзоёни Маҳфил иштирок ва атрофи мавзӯҳои мубрами ҳаёти ҷавонону наврасон, аз ҷумла масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни аз худнамоии донишҳои замони муосир, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, бозори озоди меҳнат ва мутахассисони сатҳи баланди касбӣ, роҳҳои расидан ба муваффақиятҳои касбӣ намуна аз мактаби муваффақияти шахсиятҳои муваффақи ҷаҳон, таҳияи моделҳои имконпазирӣ рӯшди нерӯи зеҳнӣ дар раванди худмақсадгӯзорӣ ва худтатбиқнамоӣ, арҷгузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат суханронӣ намуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here