Ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ бомаром ҷараён доранд.
  Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, айни замон бунёди 117 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони беш аз 40 иншоот, бомаром давом дорад. Танҳо соли гузашта 28 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва ба ин васила чанд нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Дар корҳои ободонӣ соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд саҳми босазо мегузоранд.
  Дар даромадгоҳи ноҳия бо харҷи 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ дарвоза ва ҷой барои қабули меҳмонон, ҳамчунин барои кормандони шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии ноҳия дидбонгоҳи замонавӣ сохта мешавад.
   Бо назардошти таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуб барои таълиму тарбия бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёди 6 кӯдакистон, муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаи иловагӣ дар назар аст. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар як кӯдакистон ва як муассисаи таълимӣ оғоз гашта, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари наврасон ва ҷавонон ба китобу китобхонӣ эъмори 5 китобхона низ ҷараён дорад.
  Дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 — 2021» бунёди 19 биною синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.
  Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳраку деҳот бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ бунёду навсозии марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳу марказҳои саломатӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, меҳмонхонаву чойхона, 4 толору 9 майдончаи варзиш ва амсоли инҳо ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмону таъмир дар ин иншоот оғоз гардидааст.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here