Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин имрӯз, 18 декабр, дар ноҳияи Дӯстӣ собиқадори меҳнат Бекмуратов Алтиро аёдат намуд. Бекмуратов Алти 15 феврали соли 1950 дар ноҳияи Ҷайҳун таваллуд шуда, миллаташ туркмен, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1975, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси омузгори фанни математика хатм кардааст.
Ин меҳтари меҳнат ҳамзамон солҳои 1975-1980 омӯзгори фанни математика дар МТМУ №10-и ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1980-1984 Директори литсей-касби техникии №15-и ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1984-1989 корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, солҳои 1989-1996 муовини раиси ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ ва солҳои 1996-2016 ҷонишини директори мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” –ноҳияи Дӯстӣ фаъолият кардааст.
Заҳматҳояш бо ифтихорнома ва сипоснома қадрдонӣ карда шудааст.
Мавсуф бо фараҳмандӣ аз муовини вилоят барои аёдат ва ҳолпурсиаш изҳори сипоси фаровон намуд.