Муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ барои аёдат ба хонаи собиқадори меҳнат Аҳророва Хурсанд омад.
Аҳророва Хурсанд 69– сола буда, соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, маълумоташ олӣ, Соли 1974 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисосаи рӯзноманигор хатм кардааст. Аз соли 1980 истиқоматкунандаи кӯчаи А.Рӯдакӣ ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Солҳои 1974-1980 ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи “Ҷумҳурият солҳои 1980-1983 ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи “Байрақи коммунизм” дар ноҳияи Дӯстӣ солҳои 1983-2012 мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванди дар ноҳияи Дӯстӣ айни замон нафақахӯр, барои хизматҳои шоён аз тарафи Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонида шудааст.
Муовини раиси вилоят ба собиқадори меҳнат барои фаъолияти бисёрсолаи намунавиаш изҳори сипос намуда, барояш саломатии устувору рӯзгори ободу осуда таманно кард.