17 май - оғози моҳи Рамазон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи Рамазонро 17-уми май таъйин кард. Ин тасмимро Шӯрои уламо дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо гирифтааст.

 Дар хабарномаи Шӯрои уламои Маркази исломӣ омадааст, ки рӯзи 29-уми моҳи шаъбон, мутобиқ ба 15-уми май, ҳодисаи «Моҳи нав» рух медиҳад, ки дар ин вақт имкон надорад, дар уфуқ моҳ мушоҳида шавад. Аз ин лиҳоз, моҳи шаъбон 30 рӯз ҳисобида шуда, 16-уми май ба анҷом мерасад ва 17-уми май рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад». Дар моҳи Рамазон мусалмонҳои рӯзадор аз субҳи содиқ то намози шом аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон пас аз 30 рӯзи моҳи Рамазон Иди саиди Фитрро таҷлил мекунанд. Рӯзи ид рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.