ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ  “РОҲБАЛАДИ БЕҲТАРИН”

 Дирӯз дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб озмуни “Роҳбалади беҳтарин”, ки  бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардид.

 Дар чорабинӣ  гуфта шуд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи давлатро масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба илмомӯзию амалҳои созандагӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва дар ин замина дарёфти истеъдодҳои нав  аз миёни онҳо, тадбирҳои зиёде роҳандозӣ мегарданд.Ҳамзамон изҳори умед карда шуд, ки бо доштани чунин ҷавонони фаъолу ташаббускор ва ватандӯсту ватанпараст Тоҷикистони моро аз ин дида, ояндаи дурашон интизор аст.

Дар рафти чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол мукофотҳои молию пулӣ ва  сипосномаҳо тақдим карда шуд.

 Дар поёни чорабинӣ аъзоёни  ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб, хотири ҳозиринро бо суруду навозишҳои дилнишини худ болида намуданд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.