Қадршиносии фаъолони ҷомеа дар шаҳри Бохтар

  Рӯзи 9-уми июни соли 2018 сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо як гурӯҳ аз кормандони ғайриштатии милитсия, ҷавонони гурӯҳи «Авангард»-и вилояти Хатлон, имомхатибон ва фаъолони ҷомеа дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуд.

  Дар ҷамъомад доир ба авзои сиёсии ҷомеа, мубориза бар зидди маводи мухаддиру нашъамандӣ, оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.
Зикр гардид, ки робитаи аҳли ҷомеа бо милитсия яке аз иқдомҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки боиси пешгириву ошкорнамоии ҷиноятҳои гуногун мегардад.

   Дар идомаи чорабинӣ Ҳафиззода Ш.Х. иброз дошт, ки вазифаи ҳар яки мову шумо дар назди халқу кишвар ин аст, ки дар якчоягӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва даст задани онҳо ба ҷинояту чинояткорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пеши роҳи содиршавии амалҳои номатлубро бигирем.
  Ҳамчунин атрофи масоили нақши ҷавонон дар пешрафту шукуфоии мамлакат, дастовардҳои ҷавонон дар солҳои Истиқлолият, дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ташаббусҳои созандаи ҷавонон изҳори андеша намуд.
Чанд нафар аз имомхатибон дар баромади худ зикр намуданд, ки дини мубини Ислом танҳо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдори нек, пайванди дӯстиву бародарӣ ва дигар хислатҳои хуби инсониро талқин мекунад ва ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд аз ин бохабар бошад, зеро тинҷиву осудагӣ ва сулҳу якдигарфаҳмӣ ин неъмати бебаҳост.

  Дар анҷоми чорабинӣ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Ш.Х. аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра имомхатибон, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва кормандони гайриштатии милитсияро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.