Ярмаркаи маводҳои ғизоӣ дар шаҳри Кӯлоб

 Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи ордбарории шаҳри Кӯлоб (Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Суғдиён») дар арафаи Иди сайиди Рамазон ва ҷашни Вахдати миллӣ дар шафати «Деҳқонбозор» нуқтаҳои фурӯш ва ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва макарон ташкил карда шудааст, ки мардум ин маводҳои ғизоиро бо нархи дастрас харидорӣ карда истодаанд.

 Ҳамзамон рӯзи якшанбе аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархи дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

 Ҳамин тавр то Иди сайиди Фитр дар назди «Деҳқонбозор» рӯзи якшанбеи минбаъда низ намоишгоҳ ва фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.