ЭЪЛОН

Ба диққати  вакилони Маҷлиси

вакилони халқи вилояти Хатлон

Рӯзи 26 июни соли 2018, соати 800 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №50 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум.

2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 30 майи соли 2014,   №111 “Дар бораи Барномаи вилоятӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 25 августи соли 2017, №160 “Дар бораи Барномаи маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Ҳисоботи сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилоят оид ба рафти иҷрои қарори  раиси вилояти  Хатлон №264 аз 19 октябри соли 2015 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №737 аз 19 декабри соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.  

5.  Масъалаҳои ҷорӣ.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.