ЭЪЛОН

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.

- 5 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ

- 11 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ

- 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ

 

 Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят то 10 августи соли 2018 ба унвонии Комиссияи грантии вилоят, ба суроғаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешниҳод намоянд.

Тартиби баррасии дархост:

 Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад). Иттилооти  зарурӣ ҷиҳати иштирок дар озмун аз ҷониби раёсат дар воситаҳои ахбори омма баъд аз таъсисёбии комиссия паҳн карда мешавад.

Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.

 Дархостҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии муҳлати қабули дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.

Дархостҳо тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби комиссия баррасӣ карда намешаванд.

Танҳо 21 (бисту як) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад. Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои банақшагирифташуда муайян карда мешавад.

 Байни раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он уҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.

 Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 10 апрел то 10 август дар бар мегирад.

ЭЪЛОН:

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018»-ро эълон менамояд.

Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғлҳои муфиди ҷамъиятӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат  гузаронида мешавад.

Барои ширкат дар озмун соҳибкорзанони ботаҷриба ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, даъват карда мешаванд.

Соҳибкорзаноне, ки дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд, ба таври инфиродӣ ё бо пешниҳоди шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо дар озмун метавонанд иштирок намоянд.

Тибқи талаботи низомномаи озмун, соҳибкорзаноне, ки намунаи беҳтарин лоиҳаҳо ва дастовардҳои истеҳсолии худ, инчунин оид ба фаъолияти соҳибкориашон видеоролик пешниҳод карда, ба таъсиси ҷойҳои корӣ муваффақ шудаанд ва бо фарҳанги андозсупорию фаъолияти эҳсонкорӣ (дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд) ба дигарон намунаанд, шанси бештари пирӯз дар озмунро доранд.

Даври аввал аз  11-сентябр то 11-октябри 2018 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо бо иштироки соҳибкорзанони ботаҷриба ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, гузаронида мешавад. Даври дуюм аз 12-октябр то 12-ноябри соли 2018  ба муайян кардани беҳтарин соҳибкорзан дар шаҳру ноҳияҳо ва  даври сеюми ҷамъбастии озмуни «Соҳибкорзани муваффақи соли 2018» моҳи декабри соли 2018 дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар барпо мегардад.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.