Шашмақом- муаррифгари фарҳанги миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ

  Ҳамасола 12-май дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Шашмақом бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

  Шашмақом яке аз қадимтарин мусиқии суннатии мардуми таронадусти тоҷик ба шумор  меравад. Ин жанри мусиқи яъне Шашмақом солҳои охир аз  ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дикқати зарури дода мешавад. Дар давоми 15-сол Шашмақом дар баробари дигар жанрҳои мусиқӣ миллӣ мақоми махсус пайдо кард.   

 Бо ташаббуси бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шашмақом  аз ҷониби созмони байналмилалии Юнеско ба феҳристи шоҳкориҳои шифоҳӣ ва ғайри моддӣ мероси ҷаҳонӣ ҳамроҳ карда шуд, ки аз таърихи тӯлонӣ доштани ин санъати волои халқи тоҷик шаҳодат медиҳад ва бояд мо онро ба  наслҳои оянда омузонем.

 Бузургони миллати тоҷик тули ҳазорсолаҳо барои ташаккул додани  тамадуни ҷаҳонӣ  заҳмат мекашиданд. Нобиғаҳои миллати мо ҳануз аз фарҳанги авастоӣ  баҳри ривоҷи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бузурге доранд. Шашмақом яке аз қадимтарин мусиқии  суннатии мардуми таронадусти тоҷик ба шумор  меравад. Мо бо шашмақоми худ дар миёни мардуми машриқзамин фахр мекунем.

 Аҳли санату ҳунари вилояти Хатлон  ба ин руз омодагиҳои ҳамаҷониба дида истоданд ва дар назараст, ки Рӯзи шашмақом   дар толори театри вилоятии мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Бохтар бо доираи васеи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сокинон, кормандони ташкилоту муасисаҳо дар сатҳи баланди фарҳанги таҷлил хоҳад гашт.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.