ФЕСТИВАЛ ТО 15-УМИ МАЙ ИДОМА МЕЁБАД

 Ҳамасола дар моҳи апрел дар саросари кишварамон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китобҳои кӯдаконаю наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад.Мақсади ин чорабинӣ қабл аз ҳама қабл ин  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-иттилоотии кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллию ватандӯстист.Кӯдакону наврасон тавассути чорабинии мазкур имкон пайдо менамоянд, ки бо шоирону нависандагони дӯстдоштаи худ аз наздик шинос шуда, бо онҳо мулоқот намоянд.

 Вобаста ба ин чорабинӣ дар китобхонаи бачагонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб бо иштироки аҳли адаб ва аъзоёни китобхона вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён оид ба китобҳои беҳтарини кӯдакона, асарҳои тозанашри адибони муосир ва дар маҷмӯъ дар хусуси бузургии китоб изҳори андеша намуданд.

 -Имсол фестивал то 15-май идома меёбад ва мо нақша дорем, ки дар ин муддат     чорабиниҳои дигарро низ роҳандозӣ намоем,- иброз намуданд директори китобхонаи мазкур Шарифов

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.