Фаровонии бозори истеъмолӣ ва ҳосили фаровони деҳкон аз оби полезӣ вобастагии калон дорад

Кӯлоб. Бо вуҷуди гарм омадани фасли сол бинобар иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб обанбори Муъминобод дар масофаи 13 км пур карда шудааст. Иқтидори лоиҳавии обанбор 35 млн куб буда, ҳамасола аз 20 то 22 млн куб об аз ин обанбор гирифта мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар обанбор 22,1 млн об ҷамъ шудаааст. Обанбор барои обёрӣ кардани заминҳои кишоварзии ноҳияҳои Муъминобод, Кӯлоб ва Восеъ пешбинӣ шудааст. Аз 1 июл сар карда об аз обанбори Муъминобод аз 3 то 5 куб сар дода мешавад.

Дар шаҳру деҳоти Кӯлоб масоҳати умумии заминҳои бо насосҳои обкашӣ обёришаванда 180 гектарро ташкил медиҳад. Заминҳои ҳосилхези шаҳру деҳоти Кӯлоб асосан тавассути 1 сарбанди обгирии Ҳукумати нав, 3 истгоҳи обкаш ва 17 адад чоҳи амудӣ обёрӣ карда мешаванд.

Дарозии умумии шабакаҳои обёрикунандаи заминҳои корам ба 480 километр баробар буда, ҳар сол ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 96 километри он тоза карда мешавад, ки ин 20 фоизи масоҳати умумии онро ташкил медиҳад.

Дарозии шабакаҳои обрасонӣ каналҳо 64,8 км баробар буда, заҳбуру заҳкашҳои байни хоҷагиҳо 97 кмро ташкил медиҳад аз ин ҳамасола танҳо 34 километри онҳо, ки дар тавозуни хоҷагии оби шаҳр мебошанд, тоза карда мешаванд. Ба ғайр аз ин дар тавозуни истифодабарандагони оби шаҳри Кӯлоб 319 км заҳбуру захкашҳои дохили хоҷагиҳо мавҷуд буда, назорати ҳолати онҳо ба ӯҳдаи ҷамоатҳо гузошта шудааст. То 1 июн аз 80,7 км 39 км заҳбурҳои дохили хоҷагиҳо дар якҷоягӣ бо Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Кӯлоб тоза карда шудааст.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.