ТЕРРОРИЗМ- ВАБОИ АСР

  Дар идораи  шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб бо ташаббуси фаъолони он дар хусуси “Терроризм ҳамчун вабои аср” мулоқот баргузор гардид.  Дар мулоқот зикр гардид, ки имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо карда, боиси нигаронии аҳли башар шудааст.Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон  курбониҳои он,  далели ҳамин омили зишт аст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки  ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва  баҳри ободии Ватан ва беҳбудии халқи хеш заҳмату талош намоем.

  Сарвари идораи мазкур Сайдаҳмад  Пириев дар ҷамъбасти мулоқот қайд намуданд, ки мақсади ин гурӯҳҳои ифротӣ халалдор сохтани ҳаёти ҷамъиятӣ, бедор сохтани тарсу ваҳм дар одамон, ҷангу куштор, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолист.Баргузории ингуна мулоқотҳо саривақтӣ буда, имконият фароҳам меорад, ки шаҳрвандон дар замони ҷаҳонишавӣ мақсаду мароми гурӯҳҳои тафриқангезро пурра дарк намоянд ва аз амалҳои зишти онҳо хубтар  огоҳ шаванд,- таъкид намуданд С.Пириев.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.