Таҷлили Фестивали  «Ҳафтаи  китоб» дар ноҳияи Дӯстӣ

  Дар доираи дастуру супоришҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳру навоҳии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосаи фарҳангию маърифати таҷлил гардид.

  Ба ифтихори ин рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Шарифзода Зебо шоиру нависандагони бачагона Али Бобоҷон, Ҷура Ҳошими, нависанда ва ҳаҷвнигор Сайдаҳмади Ҳасан, Акрам Ризом  ва зиёда аз 320-нафар хонандагони фаъоли китобхона чорабини васеъи фарҳанги баргузор гардид. 

 Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шоирону адибон ва дигар масъулон дар ин рӯз аз намоиши маҳфилҳои фаннӣ, аз самараи дасти тарбият гирандагони муасисаҳои томактаби, хонандагони муасисаҳои таълими ноҳияи Дӯстӣ ва гӯшаҳои китоби шиносои пайдо намуданд.  

  Дар макони баргузории чорабини гушаҳои махсуси китобҳои бачагона ва дигар  шиору овезаҳо  дар ситоиши китоб ба марази тамошои иштирокчиёни фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузошта шуда буд. Чорабини фарҳангии идонаро Ширинҷон Кабиров директори китобхона оғоз намуда аҳамияти ҳамасола баргузории фестивали мазкуро дар васеъ намудани ҷаҳонбини, дӯстдоштани китоб ва шиносои бо китобҳои тоза эҷоди адибону шоирон муҳиб арзиёби намуд.

  Дар интиҳои чорабини ҳафтаи китоб таҳти унвони «Сайри китоб» адибону дӯстдорони маҳзани илму дониш баромад намуда баҳри хонандагон порчаҳои назмию насри  қироат намуданд. Хонандагон низ дар навбати худ бо шеърҳои ватандӯстона  ва иҷрои барномаи ҷолиби фарҳанги ба чорабини ҳусну таровати дигар бахшиданд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.