ТАҶЛИЛИ ЗАНГИ КАМОЛОТ МАНЪ АСТ!!!

 Дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар вохӯрӣ дар мавзӯи «Манъи занги камолот» баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, намояндагони мақомоти қудратӣ, кормандони соҳаи маориф ва хатмкунандагон иштирок карданд.

 Муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста баромад карда, хонандагони синфи 11- ро барои хатмимуассисаи таълимӣ шодбош гуфта, дар роҳи ояндаи таҳсил муваффақият тамано намуд. Инчунин ӯ дар хусуси дастоварду муваффақиятҳои хонандагон, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ табодули афкор кард. Илова бар ин, дар бораи муассисаҳо ва хонандагоне, ки нисбат ба солҳои қаблӣ дастовардҳои камтар доранд ва иштирокашон дар олимпиадаву ишғоли ҷойҳо нигаронкунанда аст, ёдовар гардид. Бобати дастгириҳои давлату ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, қайд дошт, ки раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим низ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса доранд ва баҳри дастгирии омӯзгорону хонандагон аз ҳамаи имкониятҳо истифода мекунад. Ин аст, ки рӯз то рӯз шароитҳо хубтару беҳтар мешаванд.

 Наврасону ҷавононро зарур аст, ки танҳо аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида истифода кунанд ва донишу ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, ба ғамхориҳо сазовор гарданд. Сипас намояндагони суду прократура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар баромад карда, хусуси даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ задани наврасону ҷавонон, қонуншикании ноболиғон суханронӣ карданд. Инчунин дар бораи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ифротгарои, омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо, тарзи дурусти истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу роҳгумкунанда ибрози назар намуданд.

 Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Қурбоналӣ Қурбонзода Фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи манъ будани таҷлили занги камолот қароат кард. Шарҳи васеъ дод, ки дар асоси ин фармон таҷлили рӯзи занги камолот қатъиян манъ аст. Ҳамчунин бобати дастовардҳои имсолаи соҳа, беҳтарин омӯзгорону хонандагон, медалу ифтихорномаҳо, фаъолияти маҳфилҳо ва шароиту имкониятҳои муҳайёбуда андешаҳои худро қайд дошт.

 Дар охир ба хатмкунандагон дар роҳи интихоби ҷодаи писандида, идомаи таҳсил дар макотиби олӣ ва саҳмгузорӣ дар обониву шукӯфоии меҳан муваффақиятҳои беназирро таманно карданд.

00000.JPG111111.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.