ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ БАДАХШОН ДАР БОХТАР

 Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи раиси шаҳр Музаффар Ғаффуров дар даромадгоҳи ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳин меҳмононро қабул намуда, аз ҷойи муайянгардида то назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро оварда расониданд.

 Рӯзи 10-уми май соати тақрибан 12-и шаб меҳмононро аз вилояти Бадахшон дар назди майдони Парчами миллӣ бошандагони шаҳри Бохтар пешвоз гирифтанд.

 Барои қабули меҳмонон раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим, муовинон, роҳбари дастгоҳ , роҳбарони аксарияти ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулон дар назди майдони Парчами давлатӣ ҷамъомада, меҳмононро муовфиқи матлаб истиқбол гирифтанд.

 Меҳмонони Бадахшонӣ бо роҳбарии муовини аввали раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурали Риёев ба шаҳр ташриф оварданд. Онҳоро дар маркази вилояти Хатлон бо шеъру суруд, нону намак, рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд. Ба шаҳри Бохтар зиёда аз 200 нафар меҳмонон ташриф оварданд.

 Мардуми Бадахшон бори дигар шоҳиди меҳмондӯстии Бохтариён гардиданд. Зеро онҳоро қатори масъулон сокинони оддии шаҳр низ то соати 12-и шаб интизор шуда, қабул намуданд. Рақсу шодии якҷояи Бадахшониён бо мардуми Бохтар гувоҳи аз дӯстиву якдилӣ медод.

 Раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуалим баромад намуда, ҳамагонро ба маркази вилояти Хатлон шодбош гуфт. Қайд кард, ки аз ташриф меҳмонон хурду бузурги шаҳр шоду масрур аст. Барои онҳо давоми 4 рӯз чорабиниҳои гуногуни диданӣ ва меҳмонавозии тоҷикона омода гардида аст. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ акнун сокинони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ҷойҳои диданӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии мардуми Бохтар аз наздик шинос мешаванд.

 Сипас муовини аввали раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нурали Риёев суханрони карда, барои меҳмоннавозии сатҳи баланд изҳори ташаккур кард. Инчунин дар бораи фарҳанги бою ғании мардуми сарбаланди тоҷик, урфу одатҳои қадима ва меҳмондӯстии тоҷикона ҳарф зад.

 Баъдан меҳмононро ба дастурхони дӯстӣ даъват карданд, ки барои 250 нафар дар тарабхонаи Леваканд ороста шуда буд.

DSC_0277_1.JPGDSC_0273_0.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.