ТААССУРОТҲОИ НЕКИ  БАДАХШОНИЁН АЗ МЕҲМОННАВОЗИИ КӮЛОБИҲО

 Гурӯҳи меҳмонони шаҳри Хоруғ баъди баргузор намудани як қатор вохӯрию чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Кӯлоб, баҳри зиёфату истироҳат  ба  тарабхонаи боғи Исмоили Сомонӣ ташриф оварданд. Хотири меҳмоноро дар ин меҳмонсаро ҳунарпешагони дастаи «Фалак»,  театри ба номи С.Вализода ва дигар муассисаҳои фарҳангии шаҳр шод намуданд.

 Бисёр мехостам, ки намоиши «Баҳори Ваҳдат»-ро, ки шоми дирӯз дар театри ба номи С.Вализода тамошо намудем, дар театри шаҳри Хоруғ низ ба намоиш гузошта мешуд. Ҳамаи мо аз он воқеъаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар намоиш воқеъбинона тасвири худро  ёфтаанд, сахт мутаассир шудем ва аксари мо ашк рехтем,- гуфтанд дар суҳбат устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Сабоҳат Донаёрова.

 Меҳмоннавозию  меҳрубониҳои сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб хеле писандам омад,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда мегӯяд ҷавондухтаре бо исми Рухшона Хушвақтова.

 Дигар меҳмонони шаҳри Хоруғ, ба амсоли ҳамин ҳамсуҳбатҳои мо, таассуротҳои неки худро дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии вилояти Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон,  бо хушнудию қаноатмандӣ иброз намуда, сипас корвони онҳо ҷониби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раҳсипор гардид.

20180510_185218-300x225.jpg20180510_202546-300x225.jpg20180510_203202-300x225.jpg20180511_082458-300x225.jpg20180511_085739-300x225.jpg20180511_091624-300x225.jpg20180511_104851-300x225.jpg20180511_112419-300x225.jpg

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.