Ситод оид ба ҷамъоварии андоз дар шаҳри Кӯлоб

 Таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ситоди доимамалкунанда ҷиҳати ҷамъоварии андоз бо иштироки раисони ҷамоатҳо, масъулини идораю ташкилот, муассисаю корхонаҳо баргузор гардид.

 Дар рафти кори ситод раиси шаҳр масъулинро барои сари вақт пардохт намудани андоз, баргардонидани бақияҳои солҳои қаблӣ ва таъмини бо сифати нақшаи андоз вазифадор намуд, ки дар ин самт масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ба саҳлангори роҳ надиҳанд.

 Ба иттилои масъулин иҷрои нақшаи андоз аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои андоз 102,5 фоиз таъмин гардид. Барои иҷрои пурра ва сифатноки нақша раиси шаҳр таъкид кард, ки кори ситод ҷонок карда шавад ва ба масъулини нозироти андоз супориш дод, ки ҳар ҳафта аз рафти корҳои анҷом ёфта, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.