Ситоди таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бо мақсади татбиқи амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП- 1059 ва банди 15-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 баён доштанд, Амри раиси шаҳри Кӯлоб «Дар бораи таъсиси гурӯҳхои корӣ оид ба омодагӣ ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб» ба тасвиб расид. Дар асоси амри мазкур гурӯҳҳои корӣ даъват гардида, оид ба масъалаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди корӣ доир карда шуд. Гурӯҳҳои корӣ вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба супоришҳои Пешвои миллат дар давоми се соли дар пеш истода барои вусъат бахшидани корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид ва бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ , бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ корҳои муайянро ба сомон расонанд.

 Ба ибораи Пешвои миллат: «Бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинонидани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода шаванд».

 Раиси шаҳр гурӯҳхои кориро вазифадор намуд, ки бо сокинони кучаву маҳаллаҳо ва деҳаҳо вохӯриҳо доир намуда, аз натиҷаи корҳои анҷом дода шуда ҳар моҳ ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

 Ҳамзамон раиси шаҳр дастур дод,ки масъулин оид ба оростани дастархони маънавӣ ва дар моҳи шарифи рамазон ҷиҳати расонидани кумак ба маъюбону ниёзмандон дар миёни омма коргузорӣ намоянд.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.