ОҒОЗИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОН БАДАХШОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 

  Дирӯз Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон оғоз гардид.  Соати 16 дар мавзеи Шоҳони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гурӯҳи 500 нафараи аҳли фарҳангу зиёи вилояти мазкурро намояндагони вилояти Хатлон бо сарварии Махфират Хидирзода ва сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти роҳбарии раиси он Почохон  Зарифзода, бо нону намак ва рақсу суруд  хуш истиқбол гирифтанд.Сипас меҳмонон ба 5 гурӯҳ ҷудо шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба сафар баромаданд.Аз мавзеи Шоҳон то Шаҳри Кӯлоб сокинони ноҳияҳои Шамсиддин Шохин, Муъминобод ва Кӯлоб  ба ду канори шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз баромада, меҳмононро бо чеҳраҳои болидаю дастафшониҳои зиёд, хайр мақдам гуфта, ба онҳо роҳи сафед таманно менамуданд.Ҳамин тариқ   гурӯҳи якум, ки мансуби шаҳри Хоруғ буд ба шаҳри Кӯлоб, намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва Мурғоб ба ноҳияи Данғара,  меҳмонони ноҳияҳои Роштқалъаю Рӯшон ба ноҳияи Вахш,  аҳли фарҳанги ноҳияҳои  Дарвозу Ишкошим ба шаҳри Норак ва  намояндагони гурӯҳи марказӣ  ба шаҳри Бохтар  раҳсипор шуда, онҳоро дар даромадгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таври хоса пешвоз гирифтанд.

   Вақти шом дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб фарҳангиёни шаҳри Хоруғро  раиси шаҳр Хайрулло Амонулло бо гурӯҳи калони фаъолону санъаткорон истиқбол намуда, баъдан меҳмононро ба тамошои намоиши «Баҳори Ваҳдат» ба театри вилоятии ба номи С.Вализода даъват намуданд.

DSC_0098_1.JPGDSC_0103.JPGDSC_0117.JPGDSC_0118.JPGDSC_0156.JPGDSC_0160.JPGDSC_0190.JPGDSC_0273.JPGDSC_0277.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.