ОМӮЗИШИ ТАРЗИ ШИНОВАРӢ

 Қубодиён. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон чорабинии амалии омӯзиши пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими шиноварӣ дар ноҳия баргузор гардид.

 Дар ин чорабинӣ полковник Ҷобир Шарипов, сардори Маркази Раёсати КҲФ ва МД дар вилоят ва майор Холиқов Ҷамшед, сардори Маркази алоҷаи Раёсати КҲФ ва МД дар вилоят иштрок намуда, оид ба қоидҳои шиноварӣ дар ин мавсим ба ҷамъомадагон, асосан қишри ҷавони аҳолии ноҳия баён намуданд.

 Тавре Ҷобир Шарипов дар суҳбат қайд намуд, “Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо пеш аз мавсими оббозӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ бо аҳолӣ, махсусан бо ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаем, ”.

 Ба қавли мутахассисон дар соил 2016 47 ҳолати ҳалокат бар асари ғарқшавӣ дар вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки онҳо бо сабаб ва ҳолатҳои гуногун руҳ додаанд.

2018-05-31 09-26-00.JPG2018-05-31 09-33-02.JPG

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.