Омодаги ба  рӯзҳои фарҳангии ВМК Бадахшон дар Хатлон

  Дар ассоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  баҳри қавигаштани дӯсти ва ҳамкории самарабахш аз 10 то 13 майи соли равон Рӯзҳои фарҳангии  Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар  вилояти Хатлон дар назар дошта шудааст.

 Сокинони вилояти Хатлон бо қалби пур аз фараҳи худ баҳри дар сатҳи баланд қабул намудани меҳмонон ва ташкилу баргузории чорабиниҳои фарҳангиву омавӣ омодагиҳои ҳамаҷониба мегиранд. Ба ин хотир дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар кормандони Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҷамъи дигар ҳунармадони шаҳру нохияхо  барномаи театрикунонидашудаи хешро бо номи «Шоми Дӯстӣ» ва аҳли ҳунари театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон Аловиддин Абдуллоев намоишномаеро бо номи «Туйи Ваҳдат» омода доранд.

   Тибқи нақша меҳмонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  аз мавзеҳои таърихию фарҳангии шаҳри Кӯлоб, Норак, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Қубодиён ва Ёвон боздид ба амал хоҳанд овард. Қобили зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои бозҳам мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстиву фарҳанги ва тиҷорати ду вилояти калонтарини мамлакат мусоидати фаъол менамояд.

    Дар доираи рӯзҳои фарҳангии вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон вохӯриҳои раисони вилоятҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо дар назар дошта шудааст. Чорабиниҳои гуногуни фарҳанги, ки дар ин тадбир ба нақша гирифта шудааст, имкон медиҳад, ки сокинони вилояти Хатлон аз фарҳангу ҳунари сокинони вилояти Бадахшон аз наздик шинос гарданд.

                                                                                            

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.