Оилаҳои ибратомӯз мактаби намунавӣ баҳри ҷавонон

  Левакант. 9-уми июни соли ҷори бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳфили навбатии «Оилаиҳои ибратомӯз» бо иштироки се ҷуфт оилаҳои собиқадор ва намунавии деҳаи Хуррамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 доир гардид, ки дар он зиёда аз 60 нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарон иштирок намуданд. Дар маҳфил сӯҳбат дар мавзӯъҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, пӯшидани либосҳои ба фарҳанги либоспӯшии мо бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ аз тарафи ҷавонон доир гашт. Инчунин муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» баррасӣ гардид.

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.