Натиҷаи ҳамкориҳои судманд

 Беморхонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамкори бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон маводҳои доруворие, ки муҳлати истифодашон гузашта буд, тариқи сӯзонидан  несту нобуд карданд.

 Чуноне аз маркази матбуотии Сарраёсат хабар доданд, беморхонаи дустии Тоҷикистону Ҳиндустон дар як сол се маротиба маводҳои дорувори ва молҳои тиббие, ки истифода намешаванду муҳлати истифодаашон мегузарад, ҷамъовари намуда дар якҷояги бо Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, несту нобуд мекунанд.

 Ба гуфти манбаъ маводҳои дорувори ва молҳои тиббӣ дар ҳаҷми 332 кг ё 105 номгуй дар ҳузури коммисияи салоҳиятдор сузонида шуданд.Ҷои зикраст, ки Сарраёсат на назорати маводҳои дорувориро аз болои ширкату муассисаҳои фармасевтию тибии ватани, инчунин аз болои ширкату муассисаҳои хориҷие, ки дар қаламрави вилоят фаъолият менамоянд, бурда ва ҳамкории зич дорад. Аз ҷумла бо беморхонаи номбаршуда. 

 Як нуқтаро бояд зикр кард, ки ин маводҳои доруворӣ солҳои қабл ворид шудаанд, вале бинобар сабаби кам будани талабот,  истифода нашудаанд, ки дар натиҷа муҳлати истифодашшон гузаштааст. Масъулууни беморхона дар масъала масъулиятшинос буда ҳамеша мводҳои дорувории мулаташ гузаштаро ба Сарраёсат барои несту нобуд кардан пешниҳод менаоянд. Ин аз маданияти баланди муносибат ба нигаҳдорию истифодаи маводҳои дорувориро  ин муассиса шаҳодат медиҳад, - масъули маркази матбуотии Сарраёсат.

IMG_0453_0.JPG

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.