Мулоқоти судманд бо сокинони шаҳри Бохтар

 Рӯзи 8-уми июни соли 2018 дар театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар вохӯрии сардори Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед бо сокинони минтақаи Бохтар бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва хатарҳои терроризм ва экстремизм баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб, намояндагони мақомотҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, имомхатибон, донишҷӯёну омӯзгорон ширкат доштанд.
Сухани ифтитоҳиро муовини раиси вилоят Хидирзода оғоз намуда қайд кард, ки "Имруз хатарҳое, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш андохтааст, ин терроризм ва экстремизм мебошад, ки дар ин замина гурӯҳҳои ифротгаро барои ҷалб кардани ҷавонон тамоми роҳҳоро истифода намуда ҷавононро гумроҳ мекунанд».
 Сипас, сардори РМЗҶМ полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед ба сухан баромада, зикр намуд, ки маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии ғайриқонунии мамолики хориҷа таҳсили илм доштанд, ба Ватан баргардонида шуда, барояшон имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ фароҳам оварда шудаанд. Вале, боиси таассуф аст, ки баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо низ шомили гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шуда, қадри зиндагии осудаву тинҷиву амонии кишварро аз даст додаанд ва дар низоъҳои давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд.
 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷалбкунандагон шабакаҳои интернетиро манбаи ҷалби ҷавонони гумроҳ қарор дода, ҳазорон нафарро ба доми фиреби худ кашидаанд.

 Нафароне, ки шомили гурӯҳҳои террористӣ шудаанд, имрӯз бархе аз онҳо дар мамлакатҳои Сурияву Ироқ кушта шудаву нисбати қисмати дигар парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, дар кофтуков қарор доранд.
 Дар рафти ҷамъомад чанд нафар аз ширкаткунандагон ба музокира баромада, амалҳои тундгароию ифротгароиро маҳкум намуда, тинҷиву амониро беҳтарин неъмат арзёбӣ намуданд.

158.jpg159.jpg160.jpg

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

           ittiloot.tj@bk.ru            

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.