Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъист

 Рӯзи 25.05.2018 сол дар маркази вилояти Хатлон  шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар мавзӯи “муҳокимаи масъалаҳои сиёсати зидди коррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ” бар гузор гардид. Тавре ташкилкунандагони чорабинӣ иттилоъ доданд, дар кори семинар муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Зариф Ализода иштирок ва баромад намуданд. Ҳамчунин Нигора Муқимӣ –сардори Сарраёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо чомеаи Сарарёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Абдукарим Маҷидӣ сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Судяи суди Олии ҶТ Шароф Аланазарзода баромад намуданд.

Зимни баромади худ муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода қайд кард, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ҷой дорад ва ба пешрафти чомеа халал расонанд. “Кори комиссияои чамъиятӣ фақат дар доираи комиссия набошад ва дар ин самт корро бо ҷомеа бояд пурзур кард”-қайд кард Махфират Хидирзода.

 Дар навбати худ Нигора Муқимӣ қайд кард, ки танҳо дар ҳамбастагӣ шиддати ҷиноятҳои коррупсиониро паст намудан мумкин аст . “ Бояд мафкураи зиддикоррупсиониро бедор намоем.. ҳар як шахс бояд дарк кунад,ки коррупсия на танҳо ба давлат балки ба ҳар як шаҳрванд зараррасон аст”-қайд кард Нигора Муқимӣ

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.