Мо ба фарҳанги миллии худ арҷ мегузорем

 Ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши ниҳоят босуръати фарҳанг ва забонҳои миллату қавмҳои забардаст ба асри 21 нисбат дода шудааст. Имрӯз ҳар фард имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як они воҳид бо дурдасттарин минтақаи дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омӯзад, бо халқу тамаддуни гуногун иртибот барпо намуда, чизи зарурӣ гирад ва ё чизе ба дигарон диҳад.

 Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад: хуб ва бад. Имрӯз дида истодаем, ки ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гуруҳҳои ифротӣ шомил шуда, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздиконро ба ғаму андуҳ мубтало сохта истодаанд. Баъзе аз ҷавонон бемасъулият шудаанд. Онҳо дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад. Тақлид ба фарҳанги бегона фаромӯш кардани муқаддасоти миллӣ, аз қабили расму оин ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ мисли фаромӯш кардани забони модарӣ ва паст задани арзишҳои хоси миллат аст. Ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо-тоҷикон, хусусан ҷавонону наврасон, бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланд, мавриди муносиби нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадима табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомӯзанд. Ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, қабули таассуби динию куркурона таклид кардан ба фарҳанги бегона ва майл пайдо кардан ба одату кирдорҳои ношоиста гардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар дар мулоқот бо бонувони кишвар гуфта буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падарону модарон ҷиҳати пешгирии ин масъ­ала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст». Масъалаи бегонапарастии бархе аз ҳамватанон, тақлид ба фарҳанги бегона, хоса ба либоси бегона, сабабҳои худро дорад. Чунин тақлидкориҳо бегонапарастии бархе дур будан аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз таъриху адабу фарҳанги бостонӣ сабабҳои худро дорад. Мо имрӯз дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам фурӯши фиттаҳои тарғибгари фарҳанги бегона, адабиёти таассубӣ, филмҳои туркию арабӣ, сурудҳои хориҷӣ ва ғайраро мебинем, вале хомӯшем, ба ҳамаи онҳо беэътиноӣ, бетарафӣ зоҳир мекунем. Дар бозорҳо фиттафурӯшон сурудҳои хориҷиро баланд мемонанду чизе намегӯем. Намеандешем, ки фиттафурӯш фарҳанги бегонаро тарғиб карда истодааст ва ташвиқоти фарҳанги ғайр мисли маводи дертарканда ба мағзу майнаи ҷавонон ҷойгир мешавад. Инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо доранд, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад.

 

                                                                                 Атохӯҷа Имомов: Имом-хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Левакант

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.png vk.pngyoutube.png

 
 

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Бохтар

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj              

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.